«Роҳат» тахриб мешавад

Қарори вайрон кардани бинои чойхонаи “Роҳат” дар маркази шаҳри Душанбе ниҳоӣ шудааст. Як манбаъ дар ҳукумати пойтахт рӯзи 18-уми ноябр гуфтааст, ки чойхонаи “Роҳат” тайи ду соли оянда тахриб шуда, аз ҳисоби заминҳои он ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе васеъ мегардад.Бинои собиқи ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳоло дар он шаҳрдорӣ фаъолият дорад, бо каме тағйирот боқӣ хоҳад монд. Танҳо аз ҳисоби заминҳои чойхонаи “Роҳат” ва театри Маяковский васеъ мешавад. Инчунин, бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун бинои таърихӣ ба ҷойи худ боқӣ мемонад. Бинои “Кохи Ваҳдат” таъмири куллӣ дида, тахриб нахоҳад шуд.Аз Қасри Миллат, маҳаллаи кори раиси ҷумҳур то бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбе як роҳи мустақим бунёд хоҳад шуд. Феълан масъалаи тахриб шудан ё боқӣ мондани бинои порлумони Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва бо эҳтимоли зиёд он ҳамчун бинои таърихӣ боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *