Роҳ ба Данғара: корхонаҳои истеҳсолӣ чӣ ҳол доранд? (бо аксҳо)

Бо  ташаббуси раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат субҳи 14 январи соли ҷорӣ гурӯҳи дусаднафараи устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур  бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноативу истеҳсолии вилояти Хатлон тариқи қатораи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб  сафар карданд.

Бо  дархости ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба гурӯҳ  хабарнигори «Тоҷикистон» низ шомил буд. Тавре маълум, баъди анҷоми роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб   нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор ба роҳ баромада буд. Сараввал, устодону донишҷӯёни донишкада аз шарту шароит ва имконоту хизматрасониҳои истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки истгоҳи роҳи оҳани Душанбе баъд аз таъмир  зеботар шуда, он имкони пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи баландро пайдо кардааст. Вагонҳои қатора тозаю озода буда, роҳбаладон  низ бо рӯҳияи болида мусофиронро пешвоз мегиранд. Дар дохили вагонҳо тамоми шароити будубош муҳайёст.  Ҳамин тариқ,  қатораи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб бо ҳайати устодону донишҷӯён соати 830 дақиқа ба ба роҳ баромад.   Ин сафар ҳамагӣ як шабонарӯз идома дошт.

Нахуст, гурӯҳи бисёрнафара, ки онро ректори донишкада Диловар Қодирзода ва Шералӣ Қурбонов, сардори  Корхонаи воҳиди мусофирбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон » ҳамроҳӣ доштанд,  баъди аз Душанбе баромадан ба истгоҳи роҳи оҳани Ёвон расиданд. Дар ин ҷо меҳмононро намояндагони мақомоти ноҳия ва дигар шахсони масъул пазироӣ намуда, ба ҷониби Корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент» роҳнамоӣ намуданд. Тавре маълум гардид, корхонаи мазкур ҳамагӣ 5 моҳ мешавад, ки фаъолият дорад ва  он бо сармоягузории  Тоҷикистон ва  Чин  бунёд ёфтааст. Устодону донишҷӯёни донишкада аз  раванди фаъолияти  коргоҳҳои истеҳсолии корхона аз наздик шинос шуда, бо кормандону мутахассисон оид ба махсусияти истеҳсолот, истифодаи технологияҳои нав дар ҷараёни истеҳсолот суҳбат оростанд.

Барфихон Холов, муовини директори ҶДММ «Моҳир-семент»  иттилоъ дод, ки аз давраи фаъолият то имрӯз дар корхона ба миқдори 127 000 тонна семент истеҳсол шудааст. Аз ин 27200 тонна семент ба Афғонистон содир гардид. Азбаски ин корхона навтаъсис аст, масъулин дар оянда нақша доранд, миқдори истеҳсолро афзун  намуда, фурӯши онро дар дохил ва хориҷи кишвар  бештар ба роҳ монанд.  Фоидаи софи ин корхона 65% ба Чин ва 35% ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Нисфирӯзии ҳамон рӯз гурӯҳ сафари худро ба ноҳияи Данғара давом доданд. Бегоҳирӯзӣ дар истгоҳи ноҳияи Данғара намояндагони мақомоти ноҳия устодону донишҷӯёнро истиқбол гирифта, ҷониби Маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» роҳбаладӣ намуданд. Корхонаи мазкур аз бузургтарин коргоҳҳои нассоҷии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, аз 31августи соли 2016 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст.

Маҷмааи нассоҷии «Чжунгтсай-Данғара Син-Силу Текстил» айни ҳол 600 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намуда, дар як сол 15 ҳазор тонна пахтаи ватаниро коркард менамояд. Дар ҳоли пурра ба кор андохтани коргоҳи мазкур иқтидори солонаи коркарди 52 ҳазор тонна пахта ва истеҳсоли 150 миллион кв. м. матоъ дар назар аст.

Устодону донишҷӯён дар коргоҳи мазкур бо равандҳои истеҳсолӣ ва технологияҳои муосири коркарди маҳсулот  ошноӣ пайдо намуданд. Аён гардид, ки ба кор андохтани чунин корхонаҳои пуриқтидори замонавӣ барои пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, сафари гурӯҳи донишҷӯёну устодони Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат ба ноҳияи Ёвон, Данғара хотирмон буд. Баъди бозгашт  ректори донишкада Диловар Қодирзода дар суҳбат иброз дошт, ки ин ташаббуси аввалин ҳисоб меёбад. Оянда низ ин гуна сафарҳоро ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар он ҷо корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, идома хоҳанд дод. Ин ба таҷрибанокии донишҷӯён  ва меҳр нисбат ба касбро бештар менамояд.

 

Усмон Раҳимзода,

Суратгир Дидор Саъдуллоев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *