Роҳ ба мақбараи Исмоили Сомонӣ боз шуд

 

Ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 6-уми август нахустини парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Бухороро анҷом дод ва ин сеюмин парвозе шуд, ки Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Мусофирон мегӯянд, арзиши билети Душанбе-Бухоро 485 сомонӣ ва ё 51 доллар буда, гаронтар назар ба арзиши хатсайри Душанбе-Самарқанд аст. Арзиши билет ба самти Самарқанд тавассути ширкати «Тоҷик-эйр» ҳафтаи гузашта 300 сомонӣ ё 33 доллар, муқаррар шуда буд.Ба гуфтаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, иртиботи ҳавоӣ бо шаҳрҳои Узбекистон бо танҳо Душанбе маҳдуд намешавад ва сокинони вилояти Хатлон ҳам базудӣ метавонанд аз фурудгоҳҳои Бохтару Кӯлоб ба Узбекистон сафар кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *