Роҳбари дастгоҳ хостгори расидагӣ ба арзи Каромат Шарипов шуд
Озода Раҳмон,Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, аз Вазорати корҳои дохилӣ хостааст, ки ба қазияи Каромат Шарипов расидагӣ кунанд. Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ду моҳ пеш аз Русия ихроҷ шуд ва ҳоло дар талоши гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистон аст. Каромат Шарипов, роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, гуфтааст, ки номаи Озода Раҳмон охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд. Ӯ афзуд, “қаблан бо вазири корҳои дохилӣ дар суҳбат доштем. Рамазон Раҳимзода шахсан аз қазия огоҳ ҳаст”. Каромат Шарипов мегӯяд, ки ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ муроҷиат кардааст, то дар ҳалли қазияаш мусоидат кунад. Шарипов рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст.Русия баъди ин Каромат Шариповро аз ҳаққи шаҳрвандӣ бекор кард ва ҳоло ӯ як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ