Роҳбари Интерполро ҳабс карданд

Роҳбари полиси байналмилалӣ Менг Ҳонгвей аризаи истеъфояшро ба Интепол фиристодааст. Дархости ӯро қонеъ карданд.

Ин хабар рӯзи 8 октябр нашр шуд ва ҳукумати Чин ҳам тасдиқ кард, ки роҳбари полиси байналмилалии Интерпол Менг Ҳонгвейро боздошт кардааст. Мақомоти Чин гуфтанд, ки ин мақом аз рӯи иттиҳоми фасод ва бархе ҷиноятҳои дигар таҳқиқ мешавад. Дар изҳороти рӯзи 8 октябраш вазорати амнияти ҷамъиятии Чин гуфт, ки таҳқиқи парвандаи Менг Ҳонгвейи 64-сола аз рӯи иттиҳоми порагирӣ ва ҳам дигар мавридҳои нақзи қонун «саривақтӣ ва комилан дуруст аст». Ҳонгвей – роҳбари полиси байналмилалӣ охири моҳи сентябр ба Чин парвоз кард ва баъди ин дигар иртиботаш қатъ шуд. Мақомоти Чин ҳабси ӯро тасдиқ карданд. Бар асоси иттилои мақомоти Чин, ӯро дар гирифани пора муттаҳам мекунанд, ки дар замони муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин буданаш ҷой доштааст. Дар миёни иттиҳомоти дигар — «надоштани садоқати сиёсӣ» зикр мешавад. Робитаи телефонии Ҳонгвей охири моҳи сентябр қатъ шуд ва матбуоти чинӣ хабар дод, ки раҳбари Интерполро рӯзи 25 сентябр аз рӯи иттиҳоми «эҳтимоли аъмоли ҷиноӣ» боздошт карданд. Баъди ин созмони Интерпол хабар дод, ки Ҳонгвей аз мақомаш барканор шуд. Роҳбарии муваққатии ин созмонро муовини роҳбари полиси байналмилалӣ Ким Чон Ян ба ӯҳда гирифтааст.Қарор аст президенти нави Интерпол дар ҷаласаи маҷмааи кули ин созмон интихоб шавад, ки рӯзҳои 18 то 21 ноябр дар Дубай баргузор мешавад. Менг Ҳонгвей то замони таъин шуданаш ба мақоми президенти Интерпол дар ноябри соли 2016 дар Чин ба ҳайси муовини вазири амнияти миллӣ кор карда, дар бахши мубориза бо терроризм, назорати давлатии маводи мухаддир ва ҳам амнияти соҳилҳо кор кардааст.Соле, ки Ҳонгвей ба мақоми раҳбарӣ таъин мешуд, фаъолони ҳуқуқ ва ҳам муборизони зидди фасод зидди мақом додан ба ин шахс садо баланд карданд. Ба гуфтаи онҳо, хадамоти махсуси чинӣ бо истифода аз мақоми Ҳонгвей метвонанд таъқиби дигарандешону мухолифони худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монанд.Қарор буд Ҳонгвей то соли 2020 дар мақоми раҳбари Интерпол кор мекард.Тоҷикистон ҳам як узви ин созмон мебошад ва солҳои охир бо ин созмон фаъолона ҳамкорӣ карда, аз ҷумла ҷустуҷӯву таслим кардани афроди гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои мухталиф дар дохили Тоҷикистонро тақозо мекунад. Ба иттилои охири соли 2017, дар феҳристи Интерпол исми 2528 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи ҷустуҷӯву таслими онҳо ба ин кишвар зикр шудааст.

“Озоди”

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *