Роҳбари коллегияи адвокатҳо барои қаллобӣ боздошт шуд

Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд Анвар Ҳасанов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо далели даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Ҳасанов бо роҳи фиреб ба боварии як шаҳрванд даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз моддаи 319 ба моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ бандубаст намудани кирдори бародараш, аз ӯ дар се ҳолат ҷамъ маблағи 200 ҳазор сомонӣ гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдори худ ба охирин зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, кормандони Агентии зиддифасод ҳамчунин бо далели даст доштан дар қаллобӣ ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ дар вилояти Хатлон Мудинов Раҳматуллоро низ боздошт намудаанд, ки барои барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзанди як шаҳрванд дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, аз ӯ 13 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ҳасанов Анвар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шудааст ва нисбати Мудинов Раҳматулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *