Роҳбари нави Ӯзбекистон ин бегоҳ муайян мешавад
Тавре,ки агентии иттилоотии Sputnik хабар медиҳад, имрӯз 1 сентябр Шавкат Мирзиёев, сарвази Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти ин кишвар ба мардум муроҷиат мекунад.
Тавре,ки таҳлилгарон мегуянд, касе,ки ба сифати чунин баромадкунанда пазируфта мешавад, роҳбари ин ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Ба қавли ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ин шахсият намояндаи «гурӯҳи Самароқанд» («самаркандский клан»)ба шумор рафта, яке аз онҳое буд.ки ба Ислом Каримов хеле наздиканд (дар ин бора мақоларо дар шумораи имрӯзаи ин ҳафтанома дарёб карда метавонед). Ҳарчанд талабгорони маснади президентӣ дар Ӯзбекистон аз байни роҳбарон ва ақрабои Каримов кам нестанд, мумкин аст дар чанд рӯзи бемории Ислом Каримов роҳбарияти ин кишвар ба хулосае омада бошанд,ки Мирзиёев беҳтарин номзад ба президентии Ӯзбекистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ