Роҳбарияти Донишгоҳро пас аз худкушии дониҷӯ ба суд кашиданд

Додситонии Киев аз рӯи далели ба ҳадди худкушӣ расонидани донишҷӯдухтари Донишгоҳи миллии тиббӣ — Муқаддас Насиралиева парванда кушодааст.

Ба иттилои вакили дифои хонаводаи Насиралиева, донишҷӯ баъди он ки роҳбарияти донишгоҳ барои тамдиди будубошаш дар Украина санад надод, худкушӣ кардааст.

Додситонӣ тасдиқ мекунад, ки Муқаддас Насиралиева — шаҳрванди Туркманистон — 30 январ аз болои пули Патон дар Киев худро ба дарё партофтааст.

Наздикони Муқаддас мегӯянд, вай соли 2017 донишҷӯ шуд ва дар соли аввал таҳсил мекард. Ба гуфтаи пайвандон, вай бо роҳбарияти факулта моҷаро дошт.

Дар донишгоҳ тасдиқ мекунанд, ки воқеан ин донишҷӯ бо будубошаш мушкил дошт. Муҳлати визаи вай 17 декабри соли 2017 ба охир расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *