Роҳбарон аз кадом минтақа бештаранд?

Мудири Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов дар сӯҳбаташ ба таркиби ҳукумат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ишора карда гуфт, ки соли гузашта 37 дарсади раҳбарони сатҳи аввали кишвар зодаҳои вилояти Хатлон буда, ин рақам ба 135 нафар кам шудааст. Ба гуфтаи вай, шумораи зодаҳои вилояти Суғд ба 24,9 дарсад расида, 186 нафар бештар шудааст. Намояндаҳои вилояти Бадахшони кишвар дар сатҳи роҳбарикунандаи кишвар 8,7 дарсад ва теъдоди онҳо як нафар афзоиш ёфтааст. Зодаҳои навоҳии тобеи Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 44 нафар бештар шуда, ба 10,5 дарсад расидааст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ҷумъа Давлатов, феълан 8825 нафар ё 44 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанадаи кишварро ҷавонони то 35-сола ишғол мекунанд. Вай афзуд, ки бо дарназардошти афзоиши теъдоди ҷавонон дар сатҳи роҳбарикунандаи кишвар, Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони ҷавон будани кадрҳои роҳбарикунанада дар кишвар аз 35-солаи феълӣ то ба 28-сола пойин бурда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *