Сарони давлатҳо аз ҳуқуқи башар ҳимоя кунанд

10 декабр дар меҳмонхонаи «Сирена»-и Душанбе мизи мудаввари Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҳти унвони “70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” дар рӯзи солгарди ин санади асосии ҳифзкунандаи ҳуқуқи байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар сухани ифтитоҳии мизи мудаввар Лучиано Калестини — и.в. ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Зариф Ализода — ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Мэрлин Йосефсон – сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Кевин Коверт — кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок карданд. Маҳаки асосии суханони онҳо ин буд: “Дар давоми ҳафт даҳсола аз замони қабул шуданаш Эъломияи умумии ҳуқуқи башар тағйироти беҳисоби фоидаоварро дар ҳаёти миллионҳо нафар дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд оварда, ба 90 конститутсия, қонунҳо ва ниҳодҳои пуршумори миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ нуфуз кард”.
Маърӯзачиён Суҳроб Шоев — намояндаи Раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Зариф Ализода -ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Баҳриева — коршиноси Раёсати комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Мадина Усмонова намояндаи Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Таҳмина Ҷӯраева- муовини сардори Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният таъкид карданд, ки “Эъломия ҳуқуқи башар” пас аз гузашти даҳсолаҳо аз як рисолаи илҳомбахш ба маҷмӯи стандартҳо табдил шуд ва ба ҳар соҳаи қонуни байналмилалӣ нуфуз кард. Ҳар инсон ба ҳамаи озодиҳои дар Эъломияи умумӣ зикрёфта бе ягон навъи фарқгузорӣ, амсоли нажод, ранг, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, баромади миллӣ ё иҷтмоӣ ҳақ доранд ”.
Мақсади Эъломияи мазкур, ки дар замони харобиҳои ду ҷанги ҷаҳонӣ, депрессияи фарогир солҳои 1930, Ҳолокост эҷод гардидааст, пешгирӣ аз зулму истибдод, истисмор мебошад. Дар 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба мо тадбирҳоеро нишон додаанд, ки ба камбизоатии шадид хотима мебахшад, ғизо, манзил, саломатӣ, таҳсилот, шуғл ва имкониятҳои дигарро барои ҳар кас фароҳам месозад.
Дар ҷараёни саволу ҷавобҳое, ки баъд аз суханрониҳо ба миён омад, таъкид гардид, ки тибқи Эъломия «мо озод ва баробар» таваллуд шудаем, вале миллионҳо нафар дар рӯи замин озод ва баробар нестанд. Шаъну шарафи онҳо поймол шудааст ва ҳуқуқҳои онҳо ҳар рӯз вайрон карда мешаванд. Бисёре аз роҳбарони давлатҳо, чуноне ба назар мерасад, моҳияти Эъломияи ҳуқуқи башарро фаромӯш кардаанд. Мо бояд ҳама рӯз ва даҳсолаю садсолаҳо минбаъда аз ин санад асосии ҳуқуқи инсоният ҳифз ва дастуру нишондодҳояшро бечунучаро татбиқ кунем.
Э. НАЗАРОВ, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *