Роҳгузар як мушт ба рӯи хабарнигор зад

Рӯзи 2 август, ҳангоми пахши зиндаи гузориш аз таҷлили рӯзи нирӯҳои десантӣ (ВДВ) дар парки Горкийи шаҳри Маскав як раҳгузар ба даҳони хабарнигори НТВ Никита Развозжаев як мушти обдор зад. Ин ҳамларо ҳазорон тамошобин мустақиман тамошо карданд.

Рӯзи 2 август, вақте ки хабарнигори НТВ аз парки Горкийи шаҳри Маскав – макони асосии таҷлили рӯзи нирӯҳои десантӣ (ВДВ) ба таври зинда гузориш медод, як марди раҳгузари зоҳиран маст дар пеши чашми садҳо ҳазор тамошобин ба рӯи хабарнигор як мушти обдор зад.

Никита Развозжаев акнун гузоришаш аз рӯзи десантҳоро оғоз карда, муфассал қисса мекард, ки касе беҳтар аз собиқадорони нирӯҳои десантӣ иди касбиашро таҷлил намекунад. Дар ҳамин лаҳза як марди тануманд ба ӯ наздик шуд ва бо як лаҳни дашномолуд ба сӯҳбате, ки аз НТВ дар саросари Русия ва берун аз он пахш мешуд, ҳамроҳ шуд.

Хабарнигор аз ӯ хоҳиш кард, ки «хоҳиш мекунам, дуртар биравед.” Аммо он мард бо нидои «Чӣ?” кашиду як мушти сахт ба даҳони хабарнигори НТВ зад. Никита Развозжаев маҷбур шуд, даҳонашро дошта, гузоришро қатъ кунад.

Никита Развозжаев баъдан дигарбора бо пахши зинда ба эфир баромад ва гуфт, пулиси минтақаи Якиманка ҳамлагарро дастгир кардааст. Ӯ 32 сол ва Александр Орлов ном дошта, маълум шудааст, ки ҳеҷ гоҳ дар нирӯҳои десантӣ хидмат накардааст.

Никита Развозжаев гуфт, аз ин ҳамла эҳсоси шок кардааст ва ҷоғаш тоза акнун дардманд шудааст. Хабарнигор гуфт, аз ин ба баъд ҳангоми пахши зиндаи гузоришҳояш мувозеҳи ҳамаи чор тарафи худ хоҳад шуд, ки мабодо боз касе аз камин ба вай ҳамла накунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *