Роҳи Амузанг дубора боз мешавад

  Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд.

 Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбекистон ба кор хоҳанд пардохт.Худоёр Худоёрзода гуфт, якҷоя бо мутахассисони  Узбекистон аз маҳалли таъмири роҳи оҳани Амузанг — Хатлон ошно шудааст. «Омодагӣ ба ифтитоҳи роҳ тақрибан ниҳоӣ шудааст ва ҳар ду кишвар интизори имзои созишнома масир ҳастанд», — гуфт ӯ.Қисмати роҳи оҳани Амузанг-Хатлон дар соли 2011 хароб шуд ва ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард. Қаблан тариқи ин масир аз кишварҳои Шӯравии собиқ маҳсулот ворид мешуд ва ҳам аз яке аз роҳҳои аслии содироти молу коло аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷ ба ҳисоб мерафт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, «азсаргирии ҳаракати қатор дар масири Амузанг — Хатлон хароҷоти соҳибкоронро камтар ва фоидаи иқтисодии онҳоро бештар мекунад”. Дар нишасти матбуотӣ  вазири нақлиёти Тоҷикистон, инчунин, аз нияти шурӯи ҳаракати автобусҳо ба чанд шаҳри Узбекистон хабар дод. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, тибқи созиши муқаддамотии байни ҷонибҳо, автобусҳо, қарор аст, аз Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ба шаҳрҳҳои Тошканд, Термиз ва Деҳнав ҳаракат кунанд. Худоёрзода гуфт, мавзӯи ҳаракати автобусҳо дар ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ шуд. Худоёр Худоёрзода дар заминаи пазируфта шудани пешниҳоди ширкати “Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанду Бухорои Узбекистон гуфт: “Тоҷикистон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунад. Ҳоло мушаххасоти ин тавофуқро наметавонам эълон кунам, зеро то ҳол Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи парвозҳои ҳавопаймо созишнома имзо накардаанд. Вазоратҳои зирабти Тоҷикистон ва Узбекистон аллакай матни ин созишномаро ҷонибдорӣ кардаанд ва матни ниҳоӣ бояд дар ҷараёни дидори президент Мирзиёев аз Тоҷикистон имзо шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *