Роҳи Душанбе-Хоруғ кушода шуд

Пас  аз шаш рӯзи роҳбандӣ барои мошинҳои мусофирбар аз миёни тармаҳо гузаргоҳи муваққатӣ кушода шуд, аммо мошинҳои боркаш имкони гузаштан аз ин гузаргоҳро надоранд.

Тавре ки  ба «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Шӯҳрат Шоисматов гуфтааст,  ҳанӯз роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва аз ин рӯ ҳаракати ҳар як мошин зери назорати кормандони мо ва Бозрасии давлатии автомобилӣ қарор дорад. Зеро эҳтимоли фаромадани тармаҳо ва ба муҳлати номуайян баста шудани роҳ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Ба иттилои манбаъ, яке аз тармаҳои бузург дар километри 572-юми роҳи Душанбе- Хоруғ то ҳол пурра тоза нашуда, рӯзи сеюм аст, ки роҳсозон ба тоза кардани он машғул мебошанд.

Муҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шуғнон Ванҷик Пайшанбиев изҳор дошт, ки то нисфирӯзӣ мошинҳои мусофирбар аз ин раҳ мегузаранд ва пас аз он техникаву мехнизмҳо ба васеъ кардани роҳ оғоз мекунанд.

Роҳи Хоруғ-Қулма ва Хоруғ- Ишкошим пурра баста буда, дар ин роҳҳо ҳамарӯза се-чор маротиба дар фосилаи хеле дур аз ҳамдигар тармафароӣ ба чашм мерасад ва интиқол додани техника аз як деҳа ба деҳаи дигар вақту фурсати зиёдро талаб мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *