Роҳи Душанбе Хуҷанд боз шуд,аммо…
Роҳи “Хуҷанд-Душанбе”, ки дар пайи фаромадани тарма баста шуда буд, баъд аз нисфирӯзии 6 феврал боз шуд.
Дафтари матбуоти ширкати “IRS” мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд то соати 18-и имрӯз самти Душанбе-Хуҷанд низ кушода шавад. Аммо ба иттилои манбаъ, бо назардошти он ки имрӯз ҳаво гарм аст, эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад: “Бино бар ин беҳтар аст, ронандаҳо аз эҳтиёт кор бигиранд”.
Роҳи “Душанбе–Хуҷанд”, ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли Тоҷикистон, дар чанд рӯзи ахир шоҳиди тармафароиҳои зиёд шуд ва то имрӯз расман аз ҳалокати 5 нафар дар ин минтақа хабар расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ