Роҳи Хуҷанд кушода шуд
Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ду масир ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».Ҳамчунин ба таваҷҷуҳи ронандагон расонида мешавад, ки дар ин масир дар навбати аввал танҳо ба ҳаракати нақлиёти сабукрав иҷозат дода мешавад.Ёдовар мешавем, ки давоми ду рӯзи охир бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ