Роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ баста шуд

Субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди ДушанбеЧаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Дар ин бора ба хабарнигори сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар додааст.

Бино ба иттилои мавсуф,  «ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин аст. Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то рафтуомади бе монеа ва пайвастаи шаҳрвандон тариқи роҳи мошингарди ин минтақа таъмин бошад».

Далери Абдулло дар робита ба ҳолати кунунии роҳ гуфт, ки «айни замон сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти мазкурро дар мадди назар дошта бошанд».

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли сипаришуда нисбатан сербориш хоҳад буд. Баробари кушодани шудани роҳи мазкур маълумоти фаврӣ пешниҳод мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *