Роҳҳо баста ва хатсайри автобусу микроавтобусҳо тағйир дода мешавад
Шурӯъ аз 27 сентябри соли равон бинобар гузаронидани корҳои таъмирию навсозии роҳ дар хиёбони Н.Махсум, аз буриши кӯчаи Ф.Муҳаммадиев то дарвозаи ғарбӣ (шоҳроҳи Ҳисор), ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт дар қисмати рости роҳи хиёбони мазкур ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд, бинобар гузаронидани корҳои таъмирию навсозии роҳи мазкур ба фаъолияти хатсайрҳои автобусии №8, 22, 28 ва микроавтобусҳои №42, 46, 48 ва 35 тағйироти дахлдор ворид гардида, ҳаракати онҳо тавассути кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаи мазкур барои таъмини бехатарии худ ва роҳгузарон, инчунин рух надодани ҳолатҳои танбашавии роҳ ба «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ