Роғун ба кор даромад! Орзуи тоҷикистониён ҷомаи амал пӯшид!
Рӯзи деринтизори мо фаро расид. Мардуми Тоҷикистон соҳиби бузургтарин манбаи энергия — НБО Роғун шуданд,ки чанд даҳсола орзуи онро доштанд.
Соати 16-и 32 дақиқаи рузи 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи идоракунанда чархаи аввали барқи Роғунро ба кор андохт ва аз ин истгоҳи аз лиҳози сохтмонӣ дар ҷаҳон беназир киловатҳои аввалини барқ ба кишвар тақдим гардиданд. Меҳмонон аз Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон Итолиё ва чанд кишвари дигар шоҳиди ин ҳодисаи таърихӣ гардиданд. Роҳи сохтмони Роғун басо душвору ноҳамвор буд ва инро ҳар як сокини кишвар ба хубӣ медонанд. Вале дар ниҳоят иродаи қавии Сарвари Давлат ва меҳнати пурмаҳсули мардуми тоҷик сабаб гардид,ки кишвар ба бузургтарин ғалабааш дар қарни нав дастёб гардад. Гузориши мустақими ин ҳодисаи барои мардуми мо сарнавиштсозро ҳамаи сокинони кишвар ва берун аз он тамошо карданд. Гузориши муфассали хабарнигори сомонаи “Тоҷикистон таймс”-ро аз маконе, ки имрӯз чашми сокинони хурду калони кишвар ба он дӯхта шудааст, дар ҳамин ҷо мутолеа хоҳед кард. Айни замон гузориши онлайнро аз Роғун дар сомонаи мо тамошо кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ