Хушбахтам, ки Ҷашни Соҳибихтиёрии Тоҷикистонро имсол дар Роғун пешвоз гирифтам. Чархи дувум гардон шуд ва як рукни қавии дигар ба кохи истиқлоли ин кишвар афзуд. Шубҳае нест, ки дар кишвар ид болои ид омад ва гоми дигаре гузошта шуд, то Тоҷикистон ба содиркунандаи муҳими барқ дар минтақа табдил ёбад. Ҳарчанд ҳамсояҳо ба фикри барқи боз ҳам арзонтари атомӣ пардохтаанд, барқи Роғун аз лиҳози экологӣ поктару бартар аст.

Имрӯз ончӣ дидам, маро дар ҳайрат гузошт. Бори аввал ба Роғун дар соли 1980 сафар карда будам, то матлабе нависам. Он замон чанд вагону анборча дигар чизе ин ҷо набуд. Ҳоло вусъати неругоҳ забонро лол мекунанд ва ҷойи он вагонҳо шаҳри зебои шабеҳ ба Роквилли Амрико қомат афкандааст.

Ҳама ҷойи Роғунро мегаштем ва ин ҷо заҳмати ҳамкоронамро медидам, ки талошҳои зиёд мекарданд, то ба бинандаву хонандаву шунавандаи худ иттилои озод ва дасти аввал расонанд. Ин ҷо бештар бо коргарони одӣ ҳамсуҳбат шудем, ки аксарашон мегуфтанд, солҳои дароз дар Русия муҳоҷир будаанд ва ҳама заҷру сахтии онро чашидаанд. Ва акнун шоданд, ки Ватани худро обод мекунанд, барои ояндаи беҳтари фарзандони худ ҷон мекананд. Албатта, яке аз онҳо афсус ҳам мехӯрд, ки аз Русия ихроҷ шудааст ва ду соли дигар ба онҷо баргашта наметавонад. Се тани дигар аз гуфтани дастмуздашон худдорӣ карданд, танҳо гуфтанд, “ба зиндагӣ мерасад”. Аммо тавре гуфтанд, ки воруна садо дод.

Онҳо қаҳрамонони Роғунанд. Ҳамонҳоеанд, ки ба гуфтаи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон “санги хорои кӯҳро бо нохун мекананд”, то Роғун сохта шавад. Вале дар ин тантанаи рӯз онҳо бештар пасманзар ва саҳнапуркун буданд. Аз як ҷой ба ҷойи дигар саф-саф бурдаву оварда мешуданд, соатҳои дароз парчамҳои дасташонро соябони сар кардаву мунтазир меистоданд.

Шояд президент инро медониста, ки вақте омад, падарвору дӯствор онҳоро ба оғӯш мекашид, ҳамроҳашон суҳбат мекард ва акс мегирифт. Аммо кори бузурге мешуд, агар яке аз онҳо, шояд ин пирмарде, ки ба ҳамкорони ман гуфт, аз оғози тарҳи Роғун ҳама талху ширини онро паси сар кард, ба ҷое нарафт ва ҳоло ҳам он ҷо кор мекунад? Ҳангоми аксгирӣ чеҳраҳои онҳо медурахшид.

Иттифоқан, пас аз оғози кори Чархи Дувум президент хабарнигоронро низ ба наздаш даъват кард, ки ҳамроҳаш акс бигиранд. Намедонам, ин ҳам ҷузви барнома буд ё бадоҳатан худи ӯ барномашинканӣ мекард? Оё ин ҳамон самимияти инсонии ӯ буд ё майл ба мардумӣ ва хоксор номида шудан? Вале ҷолиб буд. Дастикам, хабарнигорони хориҷӣ ба ҳайрат афтоданд. Президент дасти аксари онҳоро фишурд ва сипосашон гузошт.

Пайти бисёр хубе барои мусоҳиба ё як мулоқоти матбуотӣ буд, як пресс-конфаронси бадеҳӣ, саридастӣ ва озод. Агар ӯ мехост, мисли ҳама расмиятшиканиҳояш, чуни суҳбатеро барпо мекард ва зоҳиран, ба ин наздик ҳам буд. Вақте дасти маро фишурд, лабханд зад, шояд шинохт, ки “хуш омадед” гуфт. Ман ӯро табрик кардам. Ба дунбол мехостам, бигӯям, як мулоқот ва мусоҳиба мехоҳам, вале дигарон пеш омаданду навбатро рабуданд ва масъулоне маро ақиб кашиданд. Хаёлам, баъд тоб хӯрду баргашт, гумон кардам, маро ҷуст, ба ҳар ҳол хориҷӣ ҳам набудам ва ду дафъа суҳбатҳое доштаем, лек аллакай канортар будам ва мунтазир меистодам, ки моро ба ҷойи худамон равона карданд. Суханонам ногуфта монд.

Ду моҳ пеш барояш дархости мусоҳибаи ихтисосӣ фиристода будам. То ҳол посухе нест. Гуфта будам, бо “Асахи Шинбун” ва “Евронюз” мусоҳиба додааст, чаро ба мо на? То ҳол посухе нест. Аммо имрӯз, пас аз чанд лаҳзаи пахш кардани тугмаи Чархи Дувум ва баъд аз ин хушрафтории наҷибона бо рӯзноманингорон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ба журналистони “Ал-Ҷазира” мусоҳибаи ихтисосӣ дод. Охир, мо рӯзноманигорони тоҷик низ пурсишҳои зиёде дорем, бояд ҳаққи чунин мусоҳибаҳоро дошта бошем ва паёмҳои дасти аввали мардумро барояш хоҳем расонд. Шояд барояш ҷолиб бошад. Чаро на?

Дилам мегӯяд, Ҷаноби Олӣ пас аз ин дидори самимонаи имрӯза шояд дастур диҳад, ки маро пайдо кунанд ва бипурсанд, “чӣ дард дорам”. Самимияти президент ба ин далолат мекунад. Вале шояд ҳам шавад ва шояд на. Шояд як рӯзе, замоне. Шояд нома ба эшон нарасидааст? Шояд намдонад ва бояд “беабадӣ” мекардаму барояш мегуфтам?

Ва аммо мардум. Умеди аксарият ба он буду ҳаст, ки пас аз Чархи Дувум кишвар аз камбарқии зимистонҳо пурра наҷот хоҳад ёфт. Фурӯши барқ ба кишварҳои дигар хуб аст, вале нахуст шояд мардуми худӣ аз барқ таъмин гарданд ва бад нест, агар нархи он ба андозаи суди фурӯш ба хориҷ арзонтар гардад. То на танҳо ҳар хонадон, балки ҳар диле бо тораи нури ишқомезе аз Роғун дурахшон шавад ва пур аз бовар ба фардои боз беҳтару беҳтар?

Оре, шояд, ки рӯзи ид воқеан бароям ид буд. Бо камоли хурсандӣ мегӯям: Иди Истиқлоли давлатӣ фархунда бод, ҳамватани азиз! Орзу дорам, рӯзе расад, ки одамон сӯзи истиқлолро на танҳо дар гардон шудани Чархи Роғун, балки дар ҳар лаҳза, ҳар нигоҳ ва ҳар нафаси худ, дар ҳар рагу шарён ва тору пуди ҷони худ ҷой диҳанд ва баробари ҷони хеш арҷаш гузоранд ва омода бошанд, барои он ҷон сипар кунанд. Боз ҳам муборак ва ҷовидон бод озодӣ ва соҳибихтиёрии миллат! Ба ҳар яки шумо, ба якояки Шумо!

Салими Аюбзод, и.в. раиси бахши тоҷикии Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *