Роғун: ифтитоҳи осоишгоҳи сарбозони амният

 

 

Имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолияти осоишгоҳи сарбозони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оғоз бахшид.

Бинои мазкур бо тарҳи хело зебо ва муосир бо дастгиррии бевоситаи  Президенти кишвар аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷавӣ сохта шудааст ва имкон фароҳам меоварад, ки кормандони ин сохтор бо фарғат истироҳат намоянд ва саломатии худро барқарор намоянд.

Сохтмони чунин иншоот иқдоми аввалин нест. Тавре ки аз дафтари матбуоти президенти кишвар хабар доданд, бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  солҳои 2010-2015 сохтмони иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Восеъ, Фархор, Шуғнон  ва Дарвоз бо сифати баланд ба итмом расида, заминаи моддиву техникии сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат  мустаҳкам гардонида шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *