Роберт ба “Дарахти зиндагӣ” ҳуҷум карда 11 касро кушт
Тирпарронӣ дар як канисаи яҳудиён дар шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания 11 кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт. Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 27-уми октябр ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард ва хост, ки ба чунин ҳамлаварон ҳукми қатл дода шавад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки кулли сокинони кишвараш бо ҷамоаи яҳудиёни Питсбург ҳамдарданд ва якҷо бо Амрико алайҳи амалҳои ваҳшатноки зидди яҳудиён меистанд.Пулиси аёлати Пенсилвания рӯзи 28-уми октябр хабар дод, ки Роберт Боуерс, нафари ҳамлагар ба канисаи «Дарахти зиндагӣ» дастгир шудааст ва ӯ 46 сол дорад. Мақомот мегӯянд, Боуерс қаблан дар як шабакаи иҷтимоӣ «паёмҳои кинаҷӯёнаи зидди яҳудиҳо» нашр карда буд.Ҳамлаи хунин ба канисаи «Дарахати зиндагӣ» ҳангоме сурат гирифт, ки пайравони яҳудия дар ҳоли анҷом додани маросими шаббат будаанд. Ин маросим ҳар рӯзи шанбе баргузор мешавад.Ҳамлаи рӯзи 27-уми октябр яке аз бадтарин ҳамлаҳо ба яҳудиён тайи солҳои гузашта дар Амрико будааст.Роберт Боуерс, сокини шаҳри Питсбург, баъди куштор дар дохили каниса бо нирӯҳои пулис низ даргир шуда ва ҳадафи тир қарор гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар бемористон бистарист.Пулиси федероли Амрико мегӯяд, феълан бар ин бовар аст, ки Боуерс ба танҳоӣ амал кардааст. Ба гузориши “Ассошиайтед Пресс”, Боб Ҷонз – маъмури вижаи хадамоти иктишофии Амрико гуфтааст, ҳанӯз ангезаҳои фарди ҳамлавар ба таври комил мушаххас нест.Бо ин ҳол, бойгонии матлабҳое, ки Роберт Боуерс аз моҳи январи имсол то кунун дар интернет нашр кардааст, «фарди нажодпарасту хашмгин»-ро ба намоиш мегузорад. Доналд Трамп, ки барои иштирок дар корзори интихоботи миёндаврии Консгресс дар Иллинойс қарор дорад, ба хабарнигорон гуфтааст, ба маҳалли воқеа меравад.Ӯ куштор дар канисаро иқдоми «бархоста аз нафрат» номид ва аз амалкарди нирӯҳои пулис ситоиш кард ва онро фавқулода тавсиф намуд. Трамп мегӯяд, афроде монанди нафари ҳамлавар ба канисаи Питсбург бояд ҳукми эъдом бигиранд.Ҷеф Сейшнз, додситони кулли Амрико низ гуфтааст, фарди ҳамлагар бо иттиҳоми «хушунати бархоста аз нафрат» рӯ ба рӯ аст ва эҳтимол ба қатл маҳкум шавад.Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, нахуствазири Канада, раиси ҷумҳури Фаронса ва садри аъзами Олмон дар миёни раҳбарони байналмилалӣ буданд, ки ин воқеаро маҳкум карда ва ба бастагони қурбониён ибрози ҳамдардӣ намуданд.Ҳазорон нафар аз шаҳрвандон низ ба ёди қурбониён дар хиёбонҳо таҷаммуъ карда ва шамъ рӯшан намуданд. Волии демократи аёлати Пенсилвания маъракаи интихоботии худро ба таъхир гузошт ва дар маросими ёдбуд иштирок кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ