Робиаи Балхӣ

Робиаи Балхӣ дар нимаи дуюми асри lX ба дунё омадааст. Робиа духтари ҳокими Балх буд. Ӯ илмҳои маъмули замонаашро аз худ кард.

Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зеҳни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Шеър менавишт. Падараш ба шеъргӯии духтараш монеъ намешуд. Падари Робиа дар ҷавонӣ вафот мекунад.

Ҳаёти минбаъдаи Робиа басо дардомез ва ношод мегузарад. Бародараш Ҳорис шеър гуфтани Робиаро қатъиян манъ мекунад. Ҳаёташ фоҷеобор мешавад. Робиа ба Бектош, ки гуломи бародараш буд, дил баст. Ӯро дар ҷавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад.

Ҳаёти пурфоҷиаи Робиа хашму ғазаби мардумро ба ҷунбиш меорад ва ба рафтору кирдори Ҳорису ӯ баринҳо лаънат мехонанд. Ин фоҷиа ба эҷодиёти адибони асрҳои минбаъда ҳам бетаъсир намемонад. Масалан, Аттори Нишопурӣ дар ин бора манзумае иншо кардааст. Шоираи муосири тоҷик Гулрухсор дар ин бора низ достоне иншо кардааст.

Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рӯдакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегӯянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърҳо навишт, ки ҳама ошиқона ва пур аз сӯзу гудоз ва дарду ҳасрат буданд:

Нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард. Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби Гулрухсор Сафиева, шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид:

«Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад».

Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ, намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфт:

«Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд:

«Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд»
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод.
Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
Агар девона абр омад, чаро пас
Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ
Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.

Мероси адабӣ

Аз Робиа ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.

Намунаи ашъор

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод.
Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
Агар девона абр омад, чаро пас
Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
Аз ин ғаммоз субҳи пардадар бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл гӯӣ
Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Ишқ дарёе каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд,
В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд.
Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо,
Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.

-Филми «Робиаи Балхӣ» — бо студиаи «Назирфилм» ва муассисаи давлатии филмсозии «Афғонфилм» дар соли 1973 милодӣ тавлид шуда буд

-Нимпайкари Робиаи Балхӣ дар назди даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *