Романи нави Муҳаммад Ғоиб чоп шуд
Романи «Сояравшан»-и Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба чоп расид. Романи «Сояравшан», ки бо ду хат, алифбои имрӯзи тоҷикӣ ва хати ниёгон чоп шудааст, аз ҷиҳати мавзуву мундариҷа дар адабиёти мо нав мебошад.
Муаллиф дар роман аз боби ҷаҳонишавӣ ва паёмадҳои хубу зуҳуроти номатлуби он ҳикоят карда, хонандагонро ба роҳи дурандешию муҳофизати сарватҳои моддиву маънавӣ ҳидоят менамояд.
Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ба ҳайси мушовири адабӣ ва нависандаи ҷавон Баҳманёр Муродӣ ба ҳайси муҳаррир дар нашри китоб саҳм гузоштаанд.
Ёдовар мешавем, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ИДМ ба номи Чингиз Айтматов Муҳаммад Ғоиб бо шеърҳои мондагор, драмаҳои манзуму мансур, силсилафилмҳои ҳунарӣ, чакомаҳои кӯдакона, ҳикоя, повест ва роман дар олами адабиёт ҷойгоҳи шоиста ва намоён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ