Ромиш Шералӣ-фарзанди устод Лоиқ аз олам даргузашт

Имрӯз, 6 -уми март Ромиш Шералӣ, писари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора наздикони оилаи шоири шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷтимоӣ хабар доданд.

Ӯ се рӯз пеш 54-солагияшро таҷлил карда буд ва аз бемории қалб ранҷ мебурд.

Дар зер мусоҳибаи журналист Одил Нозир бо Ромиш Шералӣ, ки соли 2021 бахшида ба 80-солагии устод Лоиқ сурат гирифтааст, манзури хонандагон мегардонем.

Падарам ҳаргиз намемиранд…

Суҳбат бо фарзанди устод Лоиқ, Ромиш Шералӣ

Ромиш – нуричашми устод Лоиқ Шералиро дар маҳали кораш, нашриёти “Адиб” пушти компютер, саргарми кор дараёфтам. Ӯ машғули танзими ҷилди дуввуми куллиёти падар буд, ки ба муносибати 80-солагии мавлуди шоир ва пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нашр мерасад…

– Дуруд Ромиш, – сукути ҳуҷраи корашро халадор кардам, – мехоҳам бо шумо дар бораи устод Лоиқ суҳбат кунам…

Ӯ хеле андеша кард. Дар умқи чашмонаш, ки ба дуриҳо менигаристанд, парвози хаёлот, сафҳагардон шудани китоби хотирот ва таамули рӯзҳои гузаштаро дидам. Баъд каме табассум карду гуфт:

– Дар бораи падарам ҳарф задан хеле мушкил аст… Дӯстонашон, устодони сухан, муҳаққиқон ин қадар навиштанд, вале ҳанӯз ҳам паҳлӯҳои зиндагӣ ва эҷодиёти падар норавшан аст. Уқёнусанд, устод…

– Муроди ман аз ин суҳбат дигар аст. Мехоҳам, Лоиқро аз чашми фарзанд бишносем…

– Падарам беҳтарин падар буданд. Ҳеҷ гоҳ дар хона сухани қабеҳ намегуфтанд, дашному сарзаниш намекарданд ва ба сари мо даст намебардоштанд. Модарам каме сахтгир буданд, вале падар меҳрубонӣ мекарданд, нисбат ба мо…

– Шумо кай дарк кардед, ки фарзанди шоири машҳур Лоиқ Шералӣ ҳастед?

– Дар айёми кӯдакии мо, устод он қадар шуҳрате, ки дар солҳои охири умрашон ва ҳоло доранд, надоштанд. Мо медонистем, ки падарам қаламкаш дар “Комсомоли Тоҷикистон”, баъдан дар шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати мудир ва дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ҳайси сардабир кор мекарданд. Аммо табиист, ки маҳубуби халқ буданашонро эҳсос намекардем. Албатта, вақте калонтар шудам, дарк мекардам, ки додом одами намоён ҳастанд, зеро давлат ба мо хонаи хеле барҳаво дод. Он хона, ки дар маҳаллаи 82-юми шаҳр воқеъ аст, хонаи машҳур буд. Ҳамсояҳои мо, шахсиятҳои саршиноси кишвар Гурминҷ Завқибеков, Заур Дахте ва дигар бузургони санъату ҳунар ва илму адаб буданд, ки бо падарам бо эҳтиром муошират мекарданд.

– Чӣ хотироти хуш аз он рӯзгор доред?

– Бештари умри додом дар сафар мегузашт. Ба шаҳру навоҳӣ мерафтанд, дар курс-конфиренсияҳои адибони ҷавон ширкат мекарданд ё дар маҳфилҳои адабӣ ширкат меварзиданд ё худ маҳфил меоростанд. Сафарҳои хориҷиашон низ бисёр буд, бинобар ин падарро кам медидем. Вақти дар хона буданашон ҳам, сермеҳмон будем. Ҳамқаламонашон меомаданд, чизеро мепурсиданд ё ба шоҳмотбозӣ медаромаданд. Шогирдони навқаламашон гоҳ-гоҳ дастхатҳояшонро гирифта меомаданд, ки аз миёнашон Алиакбари Абдулло ва Салими Зарафшонфар дар ёдам ҳастанд. Мо ҳамеша дар хизмати меҳмонҳо будем. Вақте бо падар танҳо монем, ба китобхонаи калоне, ки доштанд, ишора карда мегуфтанд: – “Хонед, ба фоидаи худатон”, вале ҳеҷ гоҳ маҷбур намекарданд. 

– Серкории падар шумо фарзандонашонро сарҳуй накарда буд?

– Не, зеро модарам машғули тарбияи мо буданд. Мо дар мактаби  54-и ноҳияи Сино, ки айни замон номи падарро дорад, таҳсил мекардем. Модарам дар он ҷо муаллимаи забон ва адабиёт буданд. Ташвиш надоштем, мушкил ҳам. Падарам фақат замони хатми мактаб, рӯзи занги охир, як маротиба ба хотири ман ба мактаб омада буданд.

– Аз бузургии устод сӯистифода намекардед?

– Ҳаргиз, он кас ба ин иҷозат ҳам намедоданд. Ҳатто барои шомил шудани мо ба донишгоҳҳо талош намекарданд. Бародари калониам Диловар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кард, ки як умр машғули деҳқонист.  Ман бошам бо тасодуфе ба Москва афтидам. Дар Театри драмавии ба номи устод Лоҳутӣ спектакли “Эдип” мерафт. Бо падар тамошо рафтем. Дар беруни театр падарам ба Ҳабибулло Абдураззоқов ва Тӯрахон Аҳмадхонов маро шинос карда гуфтанд: “Омӯзишгоҳи олии санъати театрии Москва ба номи М.С. Шепкин имтиҳон эълон кардааст. Агар хоҳӣ, рав худатро санҷ ва дар Москва таҳсил кун. Амакот ба ту кӯмак мекунанд.”. Ҳамин тавр, имтиҳон супорида гузаштам ва 4 сол дар ин омӯзишгоҳ таҳсил карда ба Душанбе баргаштам. Вале бо сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ натавонистам фаъолияти актёриро идома диҳам. Шумо дар оғоз суол додед, ки бузургии устодро кай дарк кардам? Бузургии падарамро дар Москва бештар эҳсос кардам. Он кас он замон депутати Совети олии СССР буданд. Дар меҳмонхнаи “Москва” ҳуҷраи алоҳидаи депутатӣ доштанд. Он замон депутатҳо, дар ҳангоми сесия, вақте дар Москва ҷамъ мешуданд, бо навбат зиёфат медоданд. Вақте навбати додом мешуд, барои кӯмак мерафтам. Меҳмонони олиқадри зиёфат ва муносибаташонро бо падарам дида, ифтихор мекардам.

–Устод кай масруфи кори эҷодӣ мешуданд?

– Ростӣ ин суолро ба худам зиёд медиҳам. Зеро рӯзе нест, ки шахсе маро дида нагӯяд, ки “бо падарат дӯсти наздик будам, ӯ ҳамеша ҳамроҳи ман буд ва як ҷо мегаштем”. Ба худам савол медиҳам, ки агар бо ҳар яки ин нафарон якҷову равуо дошта бошанд, пас, кай вақт ёфта эҷод мекарданд? Дигар ин, ки бо ин ҳама дӯстон агар як қадаҳӣ бардоранд уқёнус мешавад… Пас кай кори давлатро карданд? Шеърҳояшонро кай эҷод карданд? Бинобар ин, рӯзгори падар ба қиссаҳо омезиш ёфтааст. Падарам асосан шабҳо кор мекарданд. Сигор дар даст, сари миз менишастанд, китоберо варақ мезаданд, ба дастнависе андармон мешуданд ва ҳар гоҳ фарёд мезаданд, ки фалон ҷилди фарҳанги “Деҳхудо” ё “Амид”-ро барояшон биёрам. Дуҷилдаи”Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳамеша рӯйи мизашон буд. Вақте раиси Бунёди забон шуданд, камкортар шуданд, ва гоҳо рӯзҳо ҳам дар хона кор мекарданд.

– Бо таъсиси Бунёди забони тоҷикӣ падаратон, як навъ, ба ҳаракатҳои миллӣ ҳамроҳ шуданд ва дар ин даврон шеърҳои иҷтимоӣ зиёд суруданд. Он шабу рӯзҳо чӣ рӯҳия доштанд?

– Ҳамеша сертавишу серкор буданд. Барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, таъсиси Бунёди заабони тоҷикӣ ва шакл гирифтани ҳувияти миллати тоҷик талошҳои зиёд мекарданд. Додом ҳанӯз солҳои 1988-1989 барҳамхӯрии Иттифоқи Советиро эҳсос карда буданд, бинобар ин, шеърҳои иҷтимоӣ мегуфтанд. Ҳаводиси солҳои 90-ум ва ҷанги шаҳрвандӣ падарро мушавваш карда буд. Дар ин давра шеърҳои зиёд, ки ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз лиҳози шеърият хеле баланданд, эҷод карданд. Ин шеърҳо таҳти унвони “Фарёди бефарёдрас” чоп шуд… 

– Охирин дидори хешро бо падар дар ёд доред?

– Бале, чун ҳарвақта аз хона баромаданд… Дере нагузашта хабар омад, ки дар бемористон ҳастанд…

Вале ман зодрӯзи охирини падарро ҳеҷ аз ёдам намебарорам. Вақте 59-солагиашонро дар Кӯли комсомол ҷашн мегирифтем, устод Сорбон ош пухтанд, Афзалшо месроиданд, дӯстони падар ҷамъ шуда буданд. Он кас гуфтанд, ки дар 60-солагӣ дар Стадиони Фрунзе 60 дег ош мемонам… Ин барои ман ҳайратовар буд. Афсӯс, ки падар ба ин сана нарасиданд.

– Чӣ орзуҳо доштанд?

– Он кас нақшаҳои эҷодиашонро бо мо дар миён намегузоштанд. Фақат медонам, ки нияти бознигарии осроашонро доштанд.  Азм доштанд, ки асарҳои Молйерро ба нашр расонанд. Аз ин драматурги маъруф ба забони тоҷикӣ се тарҷума ҳаст, яке аз Шакат Ниёзӣ, яке аз Сотим Улуғзода ва дигаре аз падарам. Он кас мехостанд, ки ин се асарро дар як муҷаллад ба нашр расонанд… Барои марг, ки аҷала надоштанд, корҳояшон нотамом монд. “Ман ҳоло як даҳ соли дигар запас дорам”  мегуфтанд, бо шӯхӣ, вале ҳайҳот…

– Хабар шудам, ки шумо феълан ба таҳияи ҷилди дуввуми куллиёти устод машғулед…

– Бале. Тавре медонед, куллиёти ашъори устод, баъди маргашон аввал дар Хуҷанд ва сипас дар Душанбе чоп шуд. Феълан, мо ҷилди дуюмро, ки иборат аз тарҷумаҳо, мақолаву суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва сарсуханҳо иборат аст, ҷамъоварӣ ва ба нашр омода кардаистодаем. Ҳукумати шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки онро нашр кунад. Бо вуҷуди он, ки мо куллиёти устодро ба нашр омода мекунем, гумон мекунам, ки ба архиви падарам таваҷҷуҳи олимон зарур аст. Осори эшонро бояд, аз нигоҳи матншиносӣ омӯхта, чопи илмӣ-интиқодӣ лозим аст. Барои мисол сенарияи филмҳое, ки аз рӯйи “Шоҳнома” офарида шудаанд. Он кас аввал онро ба русӣ навишта, борҳо таҳрир карда, баъдан, ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Ё ба чанд шеъаршон устод бо дасти худ иловаву тағйирот ворид сохтаанд. Муқоисаҳо маводи хубе медиҳанд барои олимон. 

– Шумо – фарзандон тамоман ҷавон будед, ки устод гузаштанд. Азоб накашидед?

– Албатта азоб кашидем, бештар азоби рӯҳӣ. Аз лиҳози моддӣ сахт танқисӣ накашидаем, модар то дами марг дар мактаб кор мекарданд, мо бародарон ҳам бекор набудем, хоҳарҳо ба шавҳар баромада, аз пайи зиндагӣ ва рӯзгори хеш шуданд. Мо бештар азоби рӯҳи мекашидем ва ҳоло ҳам аз он ғусса мехурем, ки падар барвақт рафтанд…  

– Дӯстони сершумори падарро ёдовар шудед. Пас аз марги эшон киҳо аз ҳоли шуморо хабар мегирифтанд?

– Қариб ҳама. Устод Сорбон ҳамеша дар паҳлӯямон ҳастанд, амаки Қоришарифам соябони сарамон мебошанд. Меҳмон Бахтӣ, акои Афзалшо, Акбар Турсун, Доро Дӯст,устод Кӯҳзод, раҳматӣ Фарҳоди Карим ҳамеша аз ҳоламон бохабар буданд…

– Имрӯзҳо, тантанаҳои таҷлили ҷашни падарро дида чӣ эҳсос доред?

– Ифтихор мекунам, ки мухлисонашон ба падар имкони марг намедиҳанд, эшон то ҷовидон зиндаанд, бо мо ҳастанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image