Ромизи Парвиз зан гирифт (Видио)

Саннаи 29-июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Русский двор”-и шаҳри Душанбе тӯйи хонадоршавии сарояндаи умедбахш Ромизи Парвиз баргузор гардид.

 Ровии тӯй, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Ортиқи Қодир меҳмононро ба базми висоли ду дилдода хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки гуларӯси нозанин Лайло бо ҳусни нотакрори малакутиаш Ромизро Маҷнун кардааст ва бигзор достони ишқи эшон қиссаи Лайлию Маҷнунро рангу тобиши дигар бахшида, ишқи саодатбор гардад ва мурғи бахт абадан сари китфи ин домоду арӯси некном нишаста, аз бому дарашон танҳо ва танҳо бахт биборад.

Падари домод, коргардон, актёр, овозхон ва оҳангсози машҳур Парвиз Пӯлодӣ  ва модараш Лайлӣ дар суханрониашон қайд намуданд, ки Ромиз яккаписари онҳост ва хеле хушбахтанд, ки дар симои келини нозанинашон Лайлибону соҳиби боз як духтари фариштарӯю фариштахӯй гаштанд. Модари домод ваъда дод, ки барои соҳиб шудан ба тахти зарнигор дар боғи биҳишт, ки худованд онро маҳз барои келину хушдомани бо ҳамдигар қарину меҳрубон сохтаасту то ҳол он тахт соҳиби худро пайдо накадааст, кӯшиш карда, гуларӯсро на мисли келин, балки ҳамчун фарзанди дилбандаш дӯст хоҳад дошт.

Дар ин маҳфили зебои домодиву арӯсӣ меҳмонон аз гӯшаю канорҳои гуногуни кишварамон ҷамъ омада буданд ва даст ба дуо бардошта, ба навхонадорон бахти сафед талаб карданд. Ромизи Парвиз дар баробари сарояндагӣ боз маҳорати шоирӣ ва оҳангсозӣ дошта, барои аксари сарояндаҳои машҳур оҳангу таронаҳои марғуб эҷод менамояд. Ба табрики ин ҷавони сар то по ҳунар ситораҳои машҳури эстрадаи тоҷик-Муҳаммадрафии Кароматуло, Иззат Шарифӣ ва Далери Хайриддин омада, бо таронаҳои марғуби ошиқона хотири домоду арӯс ва меҳмонони ин базми висолро шод гардониданд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *