Роналду 16 рекорд дорад

Футболбози беҳамтои португалӣ Криштиану Роналду то имрӯз дар миёни варзишгарон аз ҳама зиёд рекорд гузоштааст ва ҳоло 16 рекорди ӯ дар китоби Гиннес шомил шудаанд.

— Ман аз паси рекордҳо не, балки рекордҳо аз паси ман меоянд,- гуфта буд чанде пеш Криштиану Роналду, вақте ки рекорди 16-умашро ба қайд гирифтанд.

Рекорди охири Роналду дар ҳайати мунтахаби Португалия 200-ум бозиашро анҷом додан аст, ки ҳеҷ футболбозе ин корро накардааст.

Гуфта мешавад, ки шумораи аз ҳама зиёд обуначӣ доштан дар ду шабакаи иҷтимоӣ — “Твиттер” ва “Инстаграм” ҳам аз ҷумлаи рекордҳои футболбоз ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки дар сегонаи беҳтарини аз ҳама зиёд рекорддорон миёни футболбозон пас аз Роналду Месси ва Левандовски ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *