Роналду ба Месси баробар шуд
Ҳамлагари дастаи “Ювентус” Криштиану Роналду дар бозӣ бо “Кйево” натавонист зарбаи ёздаҳметраро ба ҳадаф расонад: дарвозабон Стефано Соррентино зарбаи ӯро баргардонд. Дар корномаи Роналду ин 25-умин пеналтие мебошад, ки дарвозаи рақибро рахна карда наметавонад. Баъд аз ин Криштиану бо ҳамлагари “Барселона” Лионел Месси баробар шуд. Пеналтиҳои ба ҳадафнарасидаи ҳамлагари аргентинӣ низ ба 25 баробар аст. Роналду дар маҷмӯъ 139 пеналти задааст, Месси бошад – 108. Дар ҳайати “Ювентус” ин аввалин бор аст, ки пеналтии Роналдуро дарвозабон дошта тавонист. Қаблан Роналду 4 маротиба зарбаи ёздаҳметраро бо гол анҷом дода натавониста буд.
Хотиррасон мекунем, ки ба ин пеналтии Роналду нигоҳ накарда, “Кйево”–ро шикаст дод. Дидор дар Турин доир гашта, бо ҳисоби 3:0 хатм шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ