Роналду президент шудан мехоҳад
Криштиану Роналду, ҳамлавари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи арабии “Ал-Наср” дар як суханрониаш гуфт, ки мехоҳад президенти дастаи футбол бошад.
Футболбози маъруф фикрашро бо он тақвият дод, ки ӯ тахминан 2-3 соли дигар футболбозӣ карда метавонаду халос. Барои ҳамин, ният дорад бошгоҳе харидорӣ кунад ва барои пешрафти он саҳм гузорад.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки қаблан Роналду барои ифтитоҳи меҳмонхона ба шаҳри Мадрид рафта буд ва дар суханрониаш ишора намуд, ки Мадридро бисёр дӯст медорад. Ин ҷумлаи ӯро журналистони варзишӣ чунон маънидод кардаанд, ки шояд футболбоз ягон бошгоҳи ин шаҳрро харидорӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ