Роналдуро зиндонӣ мекунанд?
Футболбози португалӣ ва ҳамлавари бошгоҳи арабии “Ал-Наср” Криштиану Роналду боз дар сархати хабарҳо қарор гирифт, аммо на барои ба финали Ҷоми Арабистони Саудӣ баромадан.
Чанд рӯз пеш Роналду дар майдон аз зарбаи 11-метра гол зад ва вақти ҷашнгирӣ дастонашро пеши баданаш мисли насрониҳо кард. Чун дар Арабистони Саудӣ ин амал мувофиқи қонун манъ аст, ҳаводорони футбол ва бархе журналистон аз мақомот хостаанд, ки барои ин кораш футболбозро дастгир кунанд.
Ҳоло расман чизе маълум нест, вале дар асл метавонанд барои ин амал ҳатто аз озодӣ маҳрум кунанд.
Аз ҷониби дигар, бояд гуфт, ки Роналду ҳоло аз ҷумлаи озодтарин нафар бо имтиёзҳои бешумор дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ дорад ва барои ӯ қариб ки ҳеҷ монеае нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ