Ронанда дар ҳолати мастӣ чор нафарро пахш намуда аз ҷои ҳодиса фирор кард

Фирор намудан аз ҷои ҳодиса ва дидаю дониста нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад, ҷавобгарии ронандагонро назди қонун сангинтар мегардонад.

Чунин як ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваст.
Менглиев Журабек, соли таваллудаш 1988, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ дар пушти чанбараки автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 96-70 АМ 03 қарор доштанаш, суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бармехӯрад, ва пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар аз пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро бо қисми пеши автомобилаш зада пахш менамояд, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатияшон, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Инчунин, ронандаи автомобили мазкур Менглиев Журабек баъди содиршавии садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони ШВКД корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 қисми 5 ва 127 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *