Дар ҳалокати 5 корманди Фонди Шветсария ронанда айбдор мешавад

Дар пайи ба дарё рафтани мишини кормандони Фонди Шеведсария, ки боиси марги панҷ нафар шуда буд, ронанда айбдор мешавад.


Хулосаи аввалияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба таҳқиқи руйдоди ин ҳодиса бахшида шудааст, ин нукта таъкид мешавад. Вазорати умури дохила мегӯяд, ки дар садамаи маргбори рӯзи 30-юми июн дар дарвоз роанандаи автамошинаи «Тойота-Лэндкрузер” Ғаффур Солиев гунаҳ мебошад.
Ин ниҳоди интизомӣ хабар медиҳад, ки ронандаи автамшинаи «Тойота-Лэндкрузер” аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автамашинаи тамғаи «Опел-Зефира» бархӯрда, ба дарё меравад: “Дар натиҷа “Тайота” аз баландии 70-75 метр ба дарёи Панҷ чаппа шуда, боиси марги 5 нафар гардид”.

Дар хусуси ронандаи ин автамашина маълумот ироа нашудааст, аммо вазорат гуфтааст, ки дар хусуси ин ронанда таҳқиқд идома  дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз бар асоси иттилои Шуҳарт Шоисматов, масъули  ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия Дарвоз автамашинаи кормандони Фонди Шветсария ба дарё рафта, дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *