Мусофиркашони «Баднафс» ҷарима мешаванд
Соҳибони мусофирбарҳое, ки аз меъёр зиёд сокинонро савор карда ва дар ҳар ҷойи хостаашон ист мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки дар ин бора дастури расмӣ содир шуда ва барои назорати вазъ ҳафт гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст.
Абдуҳалим Маҷидов, сухангӯи ширкати “Душанбенақлиётхадамотрасон”, рӯзи 8-уми июл гуфт, ки ин тағйирот ба ҳамаи мусофирбарҳои пойтахт, аз ҷумла мусофиркашонҳои мустақил рабт дорад. Ӯ гуфт, “дар мусофирбари навъи “Мерседес-Спринтер” аз 5 то 7 мусофирро рост гирифтан мумкин аст. Инчунин, микроавтобусҳо ҳақ надоранд, ки ба ҷойи 3 нафар 4 мусофирро савор кунанд.”
Маҷидов гуфт, барои ҳалли ин мушкил шаҳрдорӣ ба танҳоӣ азоб мекашад ва аз сокинон низ кумак мехоҳад. Ӯ гуфт, нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт барои ҳама мерасад ва бояд одамон озод дар мусофирбарҳо нишаста, аз ҷое ба ҷое бираванд.
Дар Тоҷикистон соҳибони мусофирбарҳо ба ҷуз аз ҷойи нишаст чандин сокини дигарро савор мекунанд. Ин вазъ борҳо боиси баҳс шудааст. Соҳибони мусофирбарҳо ҳамеша гаронии нархи сӯзишворӣ ва андози болоро далели чунин амалкард донистаанд.
Дар гузашта низ мақомоти пешини шаҳрдории пойтахт низ борҳо барои низом даровардани тартиби кашондани мусофирон иқдом карда, аммо ба ҷое нарасида буд. Коршиносон мегӯянд, барои ислоҳи ин вазъ як моҳ ё ду моҳ кофӣ нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ