Ронандагони тоҷик дар Тотористон имкони кор пайдо карданд

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Тотористон Фарит Ханифов  дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum имзо намуданд.

“Ҳадафи санад рушд ва таҳкими муносибатҳои  судманд, дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои тарафҳо барои ташкили корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт мебошад”,-иттилоъ медиҳад вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ва Тотористон ба тафоҳум омаданд, ки барои ҷалби кормандони соҳибихтисос аз  Тоҷикистон ба қаламрави  Тотористони Федератсияи Русия дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон шароит муҳайё созанд.

Инчунин, бо мувофиқа бо тарафи манфиатдор тартиби будубоши шаҳрвандон (ронандаҳо, муҳандисон, назоратчиён ва дигар кормандони ёрирасон)-ро бо кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин намоянд.

Дар Ёддошти тафоҳум муайян гардидаст, ки тарафҳо вобаста ба ҷалби субъектҳо-интиқолдиҳандагони Тоҷикистон барои ташкили корхонаҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳру ноҳияҳои Тотористони Федератсияи Русия шароити зарурӣ фароҳам меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *