Ронандаи бадгуфтор даҳруза ҳабс шуд

Ронанда одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст

Тибқи иттилои сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд Акбар Шариф, бадрафторӣ ва риоя накардани одоби муошират ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ сабаб шуд, ки нисбат ба ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес- Спринтер» Эргашзода Рамазон Боири 31-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, мақомоти милитсия аз таъсиррасонии маъмурии ҳуқуқӣ кор гирад. Қаблан навори муносибати дағалонаи ронанда нисбати мусофирон ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва вокуниши мардумро ба вуҷуд овард.
Тавре дар навор дида мешавад ронанда Рамазон Эргашзода бо мусофирон муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса, рӯзи 9-уми март, тахминан соати 19:00, дар истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд рух додааст.
«Ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш, ки дар хатсайри №100 хизматрасонӣ менамуд, одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст»,-aфзудааст манбаъ.
Бо муайян шудани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, барои майдаавбошӣ нисбати Рамазон Эргашзода тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *