Ронандаи дағалгуфтор аз кор озод карда шуд (аудио)

Ронандаи хатсайри автобуси №47 Алишер Бобоев, ки навори муносибати дағалона ва ҳамлааш ба мусофир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, аз кор озод шуд. МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин бора хабар медиҳад.

Алишер Бобоев ҳангоми рондани автобус дар хатсайри №47 суръати ҳаракатро баланд намуда, якбора онро нигоҳ медорад, ки дар натиҷа чанд нафар мусофир аз по меафтанд. Яке аз мусофирон аз ӯ хоҳиш мекунад, ки суръати автобусро паст карда, дуруст ронад, аммо ронанда дағалгуфторӣ карда, ба ӯ ҳамла менамояд. Дар шарҳи навори мазкур истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти дахлдор талаб карданд, ки чунин ронандагонро ба ҷавобгарӣ кашанд ва аз кор озод намоянд.

Манбаъ мегӯяд, ки мақомоти дахлдор амалкарди Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро дар асоси модаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон аз кор озод кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *