Ронандаи дағал 7 шабонарӯз зиндонӣ шуд

Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» барои таваққуфи нодурусти мошин дар назди бозори “Султони Кабир”, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардид, муҷозот шуд.

Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1221 ОА 01 барои таваққуфи нодурусти мошин дар назди бозори “Султони Кабир”, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардид, муҷозот шуд.

Бино ба хабари ВКД, Баҳодур Яҳёев ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбуси мусофиркаши хатсайри №4 Хушбахт Раҳимов оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар ҷои ҳодиса барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз қобили ташвиш аст, ин аз ҷониби баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, таваққуфи нодуруст ё дар қатори дуюму сеюм манъ кардани автомашина мебошад, ки бар замми ба вуҷуд овардани тамбашавии сунъии автомашинаҳо ҳамзамон ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *