Ронандаи «Хундай» дар Душанбе огоҳӣ гирифт (аудио)

Ронанда мошини «Хундай» Абдуазим Раҳимов барои таваққуфи нодруст аз тарафи мақомоти милитсияи Душанбе огоҳӣ гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, як нафар сокини пойтахт бо ирсоли расм дархост намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 3003РА01 чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои номбурда соҳибмулки ин автомашина нақлиёти худро дар қатори дуюми роҳи мошингард дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракаи троллейбус ва дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намуда, дар натиҷа боиси ба миён омадани тамбашавии роҳ гардидааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 3003РА01, шаҳрванд Раҳимов Абдуазим Абдуалимович мебошад, ки аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид. Ҳамзамон, бо мақсади минбаъд ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *