Ронандаи «Лексус» -ро дар Корвон ҷарима бастанд (видео)

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Бахтиёр Сулаймонов, сокини ноҳияи Варзобро дар асоси шикояти як сокини пойтахт боздошт карданд.  

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як нафар сокини пойтахт, истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ирсол намуд, ки дар он ҳолати таваққуфи нодурусти автомашинаи тамғаи «Лексус» рақамҳои қайди давлатиаш 2777 МА 01 дар роҳи автомобилгарди бозори «Корвон» инъикос ёфта, боиси банд гардидани роҳ ва тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт гардидааст.

Ҳамзамон, ин амали номбурда норозигии шаҳрвандону ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро ба миён оварда, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кирдори ғайриқонунии ӯро маҳкум ва аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбати ронандаи воситаи нақлиёт чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“ Милитсияи пойтахт муроҷиати мазкурро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, ронандаи воситаи нақлиёти мазкурро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.   Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сулаймонов Бахтиёр Меликович, санаи таваллудаш 04. 08. 1967, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳи Варзоб мебошад. Зимни санҷиш ваҷҳҳои дар навор инъиксоёфта тасдиқи худро ёфтанд”-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбати шаҳрванд Бахтиёр Сулаймонов барои таваққуфи нодуруст, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардидааст, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *