Ронандаи «такси» тартиботи ҷамъиятиро вайрон карду ҳабс шуд (аудио)
Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақамҳои қайди давлатиаш 1815ТТ09, Зарипов Фатҳулло Ҳайдарович, санаи таваллудаш 23.11.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни саҷиш муайян гардидааст, ки номбурда санаи 28-уми март, соати 13:45 дақиқа дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо, назди фурӯшгоҳи «Ашан» тавассути автомашинаи худ ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задааст. Ҳамзамон, эроди муҳофизони фурӯшгоҳи мазкурро нодида гирифта, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва осудагии шаҳрвандону атрофиёнро халалдор сохтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати Зарипов Фатҳулло тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ