Ронандаи таксиро ғорат карданд

Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Норакро, ки пеш бо моддаҳои 248, 249, 138, 120 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 12-уми феврали соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо 2-нафар шахсони ба тафтишот номаълум аз назди бозори «Фаровон”-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ба автомашинаи тамғаи «Мерседес- Бенс”, ки ба ронанда, марди 54-солаи сокини деҳаи Тоҷикистони ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, савор шуда ба ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Исфисор рафта, дастони ронандаро ба арғамчин баста, аз ӯ бо роҳи зӯроварӣ 185-сомонӣ ва 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи «Айфон” ва «Алкател”, ки арзишашон 500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани 2 нафар шарикони номбурда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *