Росия: Муҳоҷири тоҷикро ба педофилия гунаҳгор карданд

Додгоҳи Русия зодаи Тоҷикистон Раҳмонҷон Мирзоеви 42-соларо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси ҷияни ноболиғи ҳамсараш ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Раҳмонҷон Мирзоев мегӯяд, ки ӯ ба тӯҳмат гирифтор шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Челябински Русия рӯзи 14 март ҳукми зодаи ТоҷикистонРаҳмонҷон Мирзоевро содир кард. Додгоҳи Калинин ин марди соли таваллудаш 1974-ро, ки шаҳрвандии ҳам Тоҷикистону ҳам Русияро дорад, бар асоси қисми чоруми моддаи 132-уми Кодекси ҷиноятии Русия дар таҷовуз ба номуси духтари яқинан зери синни 14 гунаҳкор шинохт ва ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бар асоси қисми чоруми моддаи 132-юми Кодекси ҷиноятии Русия (ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба нафари зери синни 14) ҳадди аксари ҷазо то 20 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Додгоҳи ноҳияи Калинин бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, Раҳмонҷон Мирзоев аз соли 1996 бо як шаҳрванди Русия зиндагии якҷоя мебурд. Ин зан як хоҳарзодаашро, ки ҳоло 14 сол дорад, ба тарбияи худ гирифта буд.

Додгоҳ мегӯяд, «маълум шуд, ки Раҳмонҷон Мирзоев аз соли 2013, ки он духтар ҳамагӣ 11 сол дошт, чандин бор нисбат ба ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом додааст. Ин кор то тобистони соли 2016, ки хешовандони духтар хабардор шуда, ба пулис шикоят бурдаанд, идома ёфтааст.”

Раҳмонҷон Мирзоев дар додгоҳ иттиҳоми эълоншуда дар мавриди даст дароз карданаш ба номуси ҷияни ҳамсарашро комилан радд кардааст. Мирзоев гуфтааст, ки азбаски духтарро таҳти тарбияи сахт қарор дода буд, нисбат ба вай чунин тӯҳмат задааст.

Аммо ташхиси сексологиву психиатрӣ дар зеҳни Раҳмонҷон Мирзоев тамоюл ба сӯи педофилияро нишон додааст.

Додгоҳи ноҳияи Калинин мегӯяд, ки ҳукми Раҳмонҷон Мирзоев ҳанӯз ба таври қонунӣ ба иҷро надаромадааст ва вай метавонад аз ин ҳукм ба додгоҳи вилояти Челябинск шикоят барад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *