Русия алайҳи Украина то ба имрӯз 1370 мушак истифода бурдааст

Артиши Украина ҷон гирифта, ба пеш ҳаракат мекунад. Бино ба иттилои расонаҳо, украинҳо тавонистаанд, ки баъзе аз манотиқи аз даст додаашонро аз дасти русҳо озод кунанд.

Александр Вилкул, сардори маъмурияти Кривой Рог гуфт, ки артиши Украина ҳуҷуми артиши Русияро ба шаҳри Кривой Рог боздошта, онро ба ақибнишинӣ маҷбур кард.

«Аз сарҳадҳои шаҳр ба қафо. Имрӯз инчунин якчанд маҳаллаҳо дар Херсон озод карда шуданд»,- гуфт Вилкул дар баромади видеоии худ. Армияи русҳо ҳоло дар масофаи аз 40 то 60 км дуртар аз шаҳр қарор доранд.

Чанде пеш Русия гуфта буд, ки вилояти Херсонро ба пуррагӣ ишғол кардааст, аммо намояндагони Пентагон гуфтанд, ки минтақа аллакай дар дасти артиши рус нест.

Коршиносони Ғарб ақида доранд, ки ҷангиёни Украина ҳуҷуми Русияро ба Николаев зада гардонданд ва ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд.

Вале дар шароити ҷанг расонаҳо сари вақт ахбори дақиқро расонида наметавонанд.

Пентагон мегӯяд, ҳадафи Русия ҳоло танҳо ишғоли Донбас аст.

Ҳоло ҳуҷуми Русия дар самти вилояти Харков мушоҳида мешавад. Ҷузъу томҳои Русия ба масофаи 5 километр ба самти ҷанубу шарқии Изюм пеш рафтаанд.

Вазорати мудофиаи Амрико ҳисоб кардааст, ки артиши Русия алайҳи Украина то ба имрӯз 1370 мушак истифода бурдааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *