Россия: Марги маҳбуси тоҷик дар боздоштгоҳ

Ҷасади як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро шоми 26 март дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Маскав, ки бо номи «Матросская тишина” маъруф аст, пайдо кардаанд. Додситонии Маскав дар пайи марги маҳбуси тоҷик масъулони боздоштгоҳро ба бемасъулиятӣ айбдор кард.

Додситонии шаҳри Маскав рӯзи 28 март хабар дод, ки дар ҷараёни санҷиши сабабҳои марги як маҳбуси тоҷик дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Маскав, маъруф ба «Матросская тишина” як силсила қонуншиканиҳоро ошкор кардааст. Додситонии Маскав мегӯяд, ки додситонии минтақаи Преображенский бояд дар ҷараёни тафтиши парвандаи марги маҳбуси тоҷик ба беамалӣ ва бемасъулиятии маъмурони боздоштгоҳ низ баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад.

Додситонӣ дар марҳалаи кунунӣ аз масъулони боздоштгоҳи «Матросская тишина” талаб кардааст, ки камбудиҳои рафъ карда, афроди масъул дар қонуншиканиҳоро ба ҷавобгарӣ бикашанд ва будубоши маҳбусони дигарро зери назорати қатъӣ бигиранд.

Ҷасади як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон шоми 26 март дар яке аз камеразо бо аломатҳои асфиксияи роҳҳои нафас ёфт шудааст. Ин шаҳрванди тоҷик бар асоси қисми сеюми моддаи 30 (қасди ҷиноят) ва банди «г”-и қисми чоруми моддаи 228.1 (қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир) дар боздошт қарор дошт.

Тафтишот мегӯяд, аломатҳои асфиксияи роҳҳо нафас нишон медиҳад, ки ин маҳбус шояд худкушӣ карда бошад. Дар бадани ӯ дигар аломатҳои зӯроварӣ ё хушунат мушоҳида нашудааст.

Исми ин шаҳрванди тоҷик нашр нашудааст, вале ӯ нахустин нафаре аз шаҳрвандони тоҷик нест, ки дар зиндонҳои Русия ба таври мармуз ҷон медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *