“Россия Онлайн 2.0”: чӣ бояд кард, то ки дар Россия бе алоқаи мобилӣ намонед

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” опсияи навро барои муштариёне, ки муддати тӯлонӣ ба ФР сафар мекунанд, роҳандозӣ кард. Бастаи “Россия Онлайн 2.0” бо муҳлати амали 30 шабонарӯз 15 Гб трафики интернет ва 15 дақиқа зангҳоро ба дилхоҳ рақамҳои россиягӣ дарбар мегирад. Ин барои дар алоқа мондан бо наздикон дар давраи барасмиятдарории SIM-кортҳои россиягӣ имкон медиҳад. Арзиши баста – 55 сомонӣ.

Аз 1 январи соли 2025 дар Россия қоидаҳои нави гирифтани SIM-кортҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ карда шуданд. Муштариён бояд РССШ гиранд, сабти баҳисобгирифташударо дар Госуслуги (Хизматрасониҳои давлатӣ) ташкил намоянд ва тартиби мушаххаскуниро тариқи биометрия гузаранд. Танҳо пас аз анҷоми ин амалҳо онҳо метавонанд рақамҳои россиягиро ҳангоми омадан ба идораи оператори алоқа пайваст намоянд. Барои он ки муштариён дар ин давра бе алоқа бо хона намонанд, МегаФон Тоҷикистон ба онҳо опсияи нави “Россия Онлайн 2.0”-ро пешниҳод намуд.

Тавре маълум аст, дар роуминг танҳо SMS-ҳои воридотӣ ройгон ҳастанд, нархҳои хизматрасониҳои алоқа бошанд назар ба хизматрасониҳои маъмулӣ гаронтаранд. Ҳамин тариқ, як дақиқа даъвати овозӣ 3 сомонӣ, 100 Кб интернет бошад – 25 дирамро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми муддати тӯлонӣ қарор доштан дар Федератсияи Россия харидани SIM-кортҳои операторони россиягиро афзалтар медонанд. Бо назардошти қоидаҳои нави будубош дар ФР чунин имконият танҳо аз рӯи далели гузаштани тартиби мушаххаскунӣ пайдо мешавад, ки ин амал то як моҳ ва ҳатто бештар аз он идома меёбад.

МегаФон Тоҷикистон нисбати муштариёни худ ғамхорӣ зоҳир намуда, опсияи роумингии “Россия Онлайн 2.0”-ро таҳия кард, ки дар доираи он 15 дақиқа ва 15 Гб трафики интернет пешниҳод гардидааст. Пас, ин маънои онро дорад, ки муштариён бе алоқа намемонанд. Онҳо метавонанд озодона аз “МегаФон Life” ва дигар замимаҳои муфид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, аз ҷумла барои зангҳои ройгон ба хона истифода баранд. Як моҳи пурра муоишират кардан, ҳал намудани масъалаҳои корӣ ба таври дурдаст ва истифодабарии интернет барои ҷустуҷӯи маълумот дар бораи кишвари иқомат.

Ғамхорӣ нисбати сокинони Тоҷикистон танҳо бо ин маҳдуд намегардад. Ҳангоми пайвасткунии опсияи “Россия Онлайн 2.0” ба муштарӣ промокод ворид мегардад, ки он бояд баъди тартиби бақайдгирӣ дар идораи “МегаФон” Россия пешниҳод карда шавад. Ин афзалиятҳои нав медиҳад. Аввалини онҳо – бонус дар шакли 50 Гб трафики интернет ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи “МегаФон” мебошад. Онро метавон давоми моҳи оянда истифода бурд. Минбаъд ҳангоми саривақт супоридани пардохти абонентӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ 10 Гб трафики интернети иловагӣ, инчунин белимит барои шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва видеосервисҳои маъруф пешниҳод мегарданд. Маълум мешавад, ки «Россия Онлайн 2.0» на танҳо вақтҳои аввал муфид хоҳад буд, балки минбаъд низ дар интихоби шартҳои муносиб барои худ кӯмак мерасонад.

Опсияи “Россия Онлайн 2.0” дар ҳамаи тарофаҳо дастрас мебошад. Он ба таври автоматӣ ҳангоми убури марз фаъол мегардад, ягон амалҳои махсус барои ин лозим нестанд. Арзиши баста ҳангоми бори нахуст бо телефон вориди интернет шудан ё анҷомёбии даъвати овозӣ аз ҷониби муштарӣ ситонида мешавад, яъне баъди бақайдгирӣ дар шабакаи “МегаФон” ФР. Шарти ҳатмӣ – дар тавозуни телефон бояд дар ин вақт на камтар аз 58 сомонӣ бошад. Агар дар тавозун маблағи камтар, аз 18 то 57 сомонӣ бошад, опсияи қаблан роҳандозишудаи “Россия Онлайн” бо миқдори камтари трафики интернет – 5 Гб ба таври автоматӣ фаъол мегардад.

Хизматрасониҳоро метавон дар замимаи мобилии “МегаФон Life” идора кард, ки дар он ҳангоми зарурат опсияи “Россия Онлайн 2.0” –ро пайваст ва бақияи дақиқаҳо ва трафики интернети бастаро аз назар гузарондан мумкин аст.

“Россия Онлайн 2.0” – имконияти муфиди занг задан ва як моҳи пурра истифода бурдан аз интернети мобилӣ дар дигар кишвар, новобаста аз ҷорикунии қоидаҳои нави хариди SIM-кортҳо дар Россия!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *