Россия: Тоҷикеро барои таркиши Санкт-Петербург ҳабс карданд

Дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия додгоҳ  ба гумони ҳамдастӣ дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро  то 3 июни имсол ба ҳабс гирифтааст. Аз дастггиршуда, Содиқ Ортиқов ном бурда мешавад ва додраси Додгоҳи ноҳияи Басманная рӯзи 7 апрел гуфтааст, ки аз манзили ӯ маводи тарканда ва тиру туфангча ёфтаанд.

Вале дар сафорат инро ҳанӯз тасдиқ накардаанд. Чуноне,  Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон будани Содиқ Ортиқов ҳоло тасдиқ нашудааст. Ӯ гуфт, бар асоси қонунҳои Русия вақте шаҳрванди як кишвар бо иттиҳоме боздошт мешавад, фавран сафорат дар ҷараён гузошта мешавад, аммо то ҳол ҳеч мақом дар ин бора бо сафорати Тоҷикистон тамос нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *