Розиқзода: Олимон сояи якдигарро аз девор метарошанд

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди тобеаш аз хусумат ва бадбинии олимони тоҷик, ки ба раванди ҳимояи унвонҷӯён халал мерасонад, изҳори нигаронӣ кард.

“Имрӯз муносибат байни олимон хеле нигаронкунанда аст ва то ворид шудани дисертатсия аз болои довталаб ариза пушти ариза ба онҳо ворид мешавад”,- гуфт номбурда.

Мавсуф зикр кард, ки олимон аз якдигар қасос мегиранд ва шогирдони якдигарро пешпойӣ медиҳанд.

«Чанде пеш як шӯрои илмӣ таъсис додем, дар як сол як дисертатсия пешниҳод накарданд. Дар шӯро ҷамъ мешаванд ва сояи якдигарро аз девор метарошанд. Мо аз пушти онҳо наметавонем, ки як олими ҷавон тайёр кунем. Дар ин замина баъзан илтимосҳои ноҷову фишорҳо ба мушоҳида мерасад. Пеши роҳи инро бояд гирифт. Илм ҷойи чунин корҳо нест”,- гуфт Абдулҳаким Розиқзода.

Номбурда гуфт, мушкили дигари соҳа ин аст, ки то ба ҳол шахсони тасодуфӣ мехоҳанд ба илм даст зананд.

Раиси ВАК-и Тоҷикистон аз ҷавонон гила кард ва гуфт, ки онҳо на ба хотири илм ин роҳро пеша мекунанд, балки ба хотири дарёфт кардани вазифа ва шуҳрат ба роҳи илм мераванд.

Номбурда ҳамин тариқ, мисол овард, ки як ҷавон баъди он ки кори илмиаш аз шӯрои комиссия гашт, ба ӯ гуфт, ки “дар идораи мо номзадҳои илмро рӯйхат карданд, ман аз вазифаам мондам”.

Абдулҳаким Розиқзода ҳамчунин “плагиат” шудани корҳои илмиро тасдиқ кард. “Дар донишгоҳҳо ҳам барномаи антиплагиат амал мекунад, вале дар барномаҳои онҳо омили инсонӣ эҳсос мешавад. Боло бурдани аслияти кор ба назар мерасад. Яъне агар дисертатсия 100 саҳифа бошад, 75 саҳифааш бояд моли худи рисоланавис бошад”,- гуфт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *