Роҳбарони низомии Тоҷикистону Эрон атрофи чӣ суҳбат карданд?
Имрӯз, 18 –уми октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ доир шуд.
Тавре ки Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар дод, дар вохӯрӣ ҷонибҳо асосан масоили вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон, вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, нақшаҳои амалигаштаи ду кишвар дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои самарабахши низомӣ, рушду нумӯи муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба нақшаю дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки доир ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникии Тоҷикистону Эрон миёни роҳбарони низомии ҳарду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои низомии дуҷониба ва аз муваффақиятҳои дар ин самт ба даст омада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ