Руҷо Чаманкор – Порис – Эрон

Резиш

Менависам бирез!, ки оромам кунӣ,

Назми аҳон ба ҳам рехта аст.

Бар шинрезаҳои ин калимот даст мекашӣ,

Ва зилъи дуюмам, ки девонагӣ,

Ва марги зилъи нахустин буд, агар шонаҳоят,

Мутасовӣ-ал-авзоъ зиндагиамро ба ҳам намерехт.

Менависам бирез!

Бирез!, ки қалам дар гулўям шикастааст,

Ва ҳар ҷо пои соати шинӣ,

Об мерезам ҷон намегирад.

Ва замони фалаҷ рўи фаромўшӣ сакта карда,

Ва дар рўи сари моҳиҳо хароб шуда.

Пойиз ба ғурубаш менозид.

Ман ба анбўҳи лабонат,

Ба тамъи фалофилии лабонат,

Ва ман, ки лабонатро аз лаб,

Ва чашмонатро аз чашм,

Ва дастонатро аз даст дода будам.

Навиштам бирез!, ки оромам кунӣ,

Зери ҳамин пойизи буридаранг,

Ки бехудӣ менозад,

Ба рангҳои бозандааш.

Бар шинрезаҳои ин калимот даст бикаш,

Бар зилъи сеюмам бо бўи шонаҳот.

Бар зилъи дуюмам бо бўи шонаҳот.

Бар зилъи нахустин, ки агар бўи шонаҳоят,

Бар шинрезаҳои ин калимот даст бикаш.

Ки бахшҳое аз як шеъри тўлонианд.

Дар як ғурўби поиз,

Ки бирезӣ ва

Бо нимаи пури ҷаҳон сар бикашӣ.

***

Бесутун

Сардарди ишқҳои кўтоҳ,

Шеърҳои баланд,

Порсҳои мудом,

Қаҳваҳои маст,

Сардарди бағал, ки мекунӣ шабеҳимаро, дард мешавам.

Шаҳде надоштӣ, ки Ширинам кунӣ,

Фарҳоди ҷомҳои талх.

Ман аз лабҳои ту паридатарам,

Лаб мезанам ба нафас ва нафас.

Ва нутфа ҷойи хубе барои хуфтагӣ,

Хунмурдагӣ,

Набудӣ.

Ки сиёҳрагҳои мастатро,

Ҳалқа-ҳалқа сару гардану дастам кунӣ.

Сардарди буқи саг,

Пора-пораҳои раг,

Кандани ҷон,

Гирифтаам сифт худамро ба дандон.

Охар бигир дар ман,

Фарҳодбағал, ки мекунӣ шабеҳи маро,

Радди пойи лаб рўйи тан,

Теша,

Сардарди дарди реша дорам.

***

Оғоз

Аз Теҳрон, ки мегўям ба дарё мерасам,

Аз худам аз ту.

Аз  осмон, ки мегўям ба дарё мерасам.

Аз дарё, ки фосила мегирам,

Ки фаромўшаш мекунам.

Ки дубора шурўъ мекунам, бар дарё мерасам.

Куҷоӣ дарё наште дорад,

Ки тамоми робитаҳои ман ошиқона мешаванд,

Хис мешаванд ва ба дарё мерасанд.

روجا چمنکار- پاریس- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *