Рухшона Эмомалӣ ба Малика Улёҳазрат Елизаветаи II эътимоднома супорид (аудио)

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ эътимодномаи худро ба Маликаи ин кишвар Улёҳазрат Елизаветаи II супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маликаи Подшоҳии Муттаҳида Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид.

— Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2021 Рухшона Эмомалӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.

Рухшонаи Эмомалӣ яке аз 7 духтарони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки собиқаи корӣ дар риштаи дипломатияи дохилӣ ва хориҷӣ дорад.

Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд.

Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё низ кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *