Руйхати 8 макотиби олии Тоҷикистон, ки бозори меҳнати Ӯзбекистон барои худ номувофиқ меҳисобад
Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистон 8 мактаби олии Тоҷикистонро ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон мутобиқ намеҳисобад. Дар ин бора Asia-Plus хабар медиҳад.
Таҳлили сифати маълумоти олӣ бар асоси тестҳое гузаронида шудааст, ки дар Ӯзбекистон барои эътирофи дипломҳои хориҷӣ мегиранд. Аз ҷумла, сифати маълумоте, ки ӯзбекистониҳо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон мегиранд, санҷида шудааст.
Дар гузориш қайд мешавад, ки арзиши таҳсил дар аксари мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя “ба гирифтани маълумоти босифат имкон намедиҳад”. Ва тавсия дода шудааст, ки мебояд дар давлатҳое маълумоти олӣ гирифт, ки дар рейтингҳои маъруфи таҳсил мавқеъҳои баландро ишғол мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, зикр шудааст, ки муассисаҳои маълумоти олии дар Тоҷикистон амалкунанда ба ҳазоргонаи якум дар рейтинги мактабҳои олии эътирофшуда (ARWU — Рейтинги академии донишгоҳҳои ҷаҳон, THE — Times Higher Education, QS — Quacquarelli Symonds World University Rankings) дохил нестанд. Инчунин Тоҷикистон рейтинги умумӣ ё миллии муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ надорад.
Дар рӯйхати мактабҳои олии Тоҷикистон, ки барои ӯзбекистониҳо “номақбул” дониста шудаанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи кушоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон зикр шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ